6 марти соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модар баргузор гардид. Роҳбарият ва кормандони корхона бо эҳсоси самимият дар ин ҷамъомад ширкат варзиданд.
Ҷамъомад бо сухани ифтитоҳии директори корхона оғоз ёфт. Ӯ модарро рамзи зиндагии пурнишот ва нерӯи созанда номида, таъкид кард, ки маҳз бо иродаи қавӣ ва тарбияи фарзандони ватандӯст, Тоҷикистони азиз ба сарзамини биҳиштосо табдил ёфтааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин ёдоварӣ шуд, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши модарони тоҷикро дар тарбияи фарзандони меҳанпараст ва ободкори Ватан бузург арзёбӣ мекунанд.
Имрӯз зан-модар дар тамоми соҳаҳо фаъол буда, бо заҳмати созандааш дар пешрафти кишвар саҳм мегузорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш роҳбарият ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи модар ва иди баҳор самимона табрик намуда, орзу кард, ки оғози баҳори нав ба Тоҷикистони азиз файзу баракат, шодию нишот ва комёбиҳои навро ҳадя намояд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte