Ташаббуси ҳамкориҳои рақамӣ миёни Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 1 то 4 июни соли 2026 намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои марбути Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани малакаи корӣ мутахассисон дар самти таҳия, татбиқ ва ҳамоҳангсозии низомҳои рақамӣ ба сафари омӯзишӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд, ки дар он сафари мазкур намояндаи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” низ иштирок намуд.

Барномаи мазкур ҳамчун як ташаббуси мубодилаӣ миёни ду кишвар тарҳрезӣ гардида, ба рушди ҳукумати рақамӣ ва таҳкими инфрасохтори давлатӣ равона шудааст. Дар доираи ин сафар ҷониби Узбекистон модели институтсионалии худро дар самти табдили рақамӣ муаррифӣ кард.

Ҳадафи асосии барнома роҳандозии муколамаи сохторёфтаи “ҳамто ба ҳамто” миёни иштирокчиён мебошад. Ин раванд ба мубодилаи таҷрибаи татбиқ, баррасии мушкилоти ислоҳот, омӯзиши самтҳои ҳамкории техникӣ ва муайян намудани самтҳои эҳтимолии озмоиш мутобиқ ба афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Ин ташаббус қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top