Шабакаи шаҳрии Интернет аз рўи технологияи Wi-Fi.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба самъи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки дар боғҳои фароғатию - истироҳатӣ, воситаҳои нақлётии мусофирбарии автобусҳои №,3,8,1,4,43,7,22 ва тролейбусҳои №1,10 шабакаи интернетии Wi-Fi васл карда шудааст. Хизматрасонии шабакаи интернетии Wi-Fi ройгон буда, дар доираи консепсияи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- амалӣ шуда истодааст.

Шабака хусусиятҳои зерин дорад:

-иқтидори умумии нуқтаи дастрасӣ ба Интернет дар як вақт на камтар барои 100 дастгоҳ таъмин карда мешавад;

-кори диапазонҳои (2.4 ГГц) босифат буда, хатари таъсири мудохилаи эфириро коҳиш медиҳад;

-суръати ҳар як истифодабаранда на камтар аз 12,8 кб/сония мебошад, ки истифодаи барномаҳои шаҳрӣ, паёмнависии мобилии фаврии босифатро кафолат дода ва инчунин мубодилаи босифати аксҳо ва видеоҳоро имкон медиҳад.

Тартиби пайвастшавӣ:

-барои пайвастшавӣ ба Wi-Fi аз рӯйхати шабакаҳои дастрас интихоб карда, браузеро кушода бо истифода аз телефон вориди система мешавед.

-пайвастшавӣ дар шабакаи Wi-Fi дар як рўз як маротиба пешбинӣ шуда, дар давоми рўз бошад барои истифодаи Интернет танҳо шабакаи Wi-Fi-ро интихоб намуда, браузеро ворид карда тугмаи «пайваст» - ро пахш мекунед.

Шаҳрвандон метавонанд, оид ба сифати хизматрасонии шабакаҳои Wi-Fi ба Хадамоти дастгирии техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» тавассути телефонҳои (+99237) 227 47, 45, Viber, WatsApp 98732 2020 муроҷиат намоянд.

Минтақаҳои ҷойгиршавии Шабакаи шаҳрии Интернет аз рўи технологияи Wi-Fi:

  • -боғи «Ҷавонон»

  • -боғи «Дониш»

  • -боғи «Айнӣ»

  • -боғи «Рӯдакӣ»

  • -боғи «Фирдавси»

  • -маркази хизматрасонӣ дар Рӯдакӣ 55

  • -маркази хизматрасонӣ дар маркази савдои «ЦУМ»

  • -маркази хизматрасонӣ дар Беҳзод 14

  • -боғи «Куруши Кабир»

  • -бозори «Саховат» (Н. Қарабоев)

  • -маркази хизматрасонӣ дар 9 километр

  • -маркази хизматрасонӣ Рӯдакӣ 6 «а» «Sadbarg»

  • -рӯдакӣ 91/1

  • -рӯдакӣ 91/2

  • -рӯдакӣ 108 Донишгоҳи омӯзгорӣ

  • -сирки давлатӣ, Н. Қарабоев 4

  • -боғи Ҷавонон

  • -истгоҳи «Ватан»

  • -истгоҳи «Опера ва Балет»

  • -истгоҳи «Сафина»

  • -истгоҳи «Ситора»

  • -истгоҳи «Рӯдакӣ»

  • -истгоҳи «Европа»

  • -истгоҳи «Гардиши фурӯдгоҳ»

  • -истгоҳи «Техносила»



Дар бораи барномаи "eDonish"

Ба воситаи барномаи "eDonish" волидайн метавонанд, ба таври фаврӣ (онлайн) аз баҳоҳо, ғоибҳо, вазифаи хонагӣ, номаҳо аз омӯзгорон ва нусхаи яксолаи дафтари синфии фарзандонашон хабардор бошанд.

Барномаи "eDonish" ҳамаи баҳоҳо ва ғоибҳои хонандаро таҳлил намуда ва ба волидайн нишон медиҳад, ки кадом фанҳоро фарзандашон хуб мехонанд ва аз кадом фанҳо мушкилї доранд. Барномаи мазкур ба волидон имкон медихад, ки аз њолати азхудкунии барномаи таълимии фарзандон дар мактаб огоҳ буда, маълумот пайдо намоянд.

Барномаи "eDonish" имконияти назорати муваффақиятхои фарзандони Шумо ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо кумак мерасонад.



Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати "Zet-Mobile" бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайри автобусҳои №,3,8,1,4,43,7,22 ва тролейбусҳои №1,10 васли Wi-Fi-и ройгонро барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ба роҳ мондааст.

Пайвастшавии интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi дар дигар хатсайрҳои нақлиёти ҷаъмиятии мусофиркаши шаҳр идома дорад ва дар оянда ҳамаи хатсайрҳо фаро гирифта мешаванд.


Дар бораи барномаи «еТИББ»

Барномаи «еТИББ» низоми автоматикунонидашудаи дармонгоҳҳои оилавӣ, ки ҳадафи асосиаш осон намудани кори кормандони соҳаи тиб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба беморон мебошад.

Ҷорӣ намудани барномаи «еТИББ» барои дармонгоҳ афзалиятҳои зеринро фароҳам меорад:

  • Пойгоҳи рақамии беморон, роҳату осон кардани ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ;

  • Нигоҳдориву назорати роҳату осони ҳуҷҷатгузории рақамӣ;

  • Истифодаи воридкунии рақамии иттилоот имконияти зуд пур кардани маълумот ва чопӣ онро ба кормандон таъмин мекунад;

  • Истифодаи видео, чати матнӣ ва мукотибот, муоширати байни табибони дохилӣ ва беруниро осон мегардонад (унсурҳои телемедетсинӣ);

  • Барои ба бемор пешкаш кардани ҳуҷҷатҳои дархостшаванда (бланк, корти мубодила, натиҷаҳои озмоишҳо, маълумотнома), танҳо чоп кардани он лозим аст;

  • Бо истифода аз планшет табибони оилавӣ метавонанд корти беморро бақайд гирифта дар хонааш аз муоина гузаронад.