Барои муайян кардани сатҳи зудҳаракатии интеллектуалӣ омилҳои зерин истифода мешаванд:

  • таъмини саривақтии шаҳрвандон бо нақлиётҳои мусофиркаш;

  • таъмини дастрасии ТИК (Интернет ва ғайра);

  • таъмини бехатарии системаи нақлиётӣ ва инноватсионӣ.



Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ширкати Zet-Mobile бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» дар нақлиёти ҷамъиятии хатсайри автобусҳои №,3,8,1,4,43,7,22 ва тролейбусҳои №1,10 васли Wi-Fi-и ройгонро барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт ба роҳ мондааст.

Пайвастшавии интернети ройгон аз рӯи технологияи Wi-Fi дар дигар хатсайрҳои нақлиёти ҷаъмиятии мусофиркаши шаҳр идома дорад ва дар оянда ҳамаи хатсайрҳо фаро гирифта мешаванд.