3 июн соли 2026 дар бинои IT Park Dushanbe Форуми байналмилалии тиҷорати электронии “PARWONA” баргузор шуд. Чорабинӣ бо иштироки соҳибкорон, маркетплейсҳо, ширкатҳои финтех ва логистика, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон баргузор гардида, ҳадафи асосии он рушди тиҷорати онлайн ва баррасии роҳҳои воридшавӣ ба маркетплейсҳо, инчунин фароҳамсозии имкониятҳои нав барои занон, ҷавонон ва соҳибкорон буд.
Дар форум намояндагони ширкатҳои маъруф, аз ҷумла Alif Shop, AVVAL, LakLak, Uzum, MasterCard ва дигарон иштирок намуданд. Зиёда аз 30 маърӯзачӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, инчунин намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” дар форуми мазкур иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ натиҷаҳои асосии лоиҳаи PARWONA-и Бонки ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд, ки ба дастгирии занон, рушди малакаҳои рақамӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои нави соҳибкорӣ равона шудааст.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte