29 сентябри соли 2023 Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, вазорату кумитаҳо ва сохторҳои дигари кишвар ширкат намуданд.
Маросими ифтитоҳи ҳамоиш дар Кохи Истиклол баргузор гардида, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаҳои панелӣ идома ёфтанд. Зимни ҳамоиш мавзӯҳои “Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе”, “Саноат омили асосии рушди иқтисод ва заминаи мусоиди сармоягузорӣ”, “Тоҷикистон кишвари энергетикаи сабз”, “Иштироки бахши хусусӣ дар энергетикаи рушд”, “Нақши низоми молиявӣ дар рушди сохибкорӣ ва ҷалби сармоя” ва ғайра баррасї шуданд.
Дар ҷаласаҳои панелии “Имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе ва саноатикунонии босуръат” директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод дар бораи дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи “лоиҳаҳои ҳушманд” бо истифода аз технологияҳои навтарин дар рақамикунонии соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: барномаи “еDonish” дар соҳаи маориф, “еТів” дар соҳаи тандурустӣ, ІТ-парк ва ғайра баромад намуданд. ҳамчунин даъват намуданд, ки КВД “Шаҳри ҳушманд” барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталиф омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Дар доираи баргузории Форум як қатор созишномаву ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расиданд аз он ҷумла: Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “RexGen Co.Ltd ”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ёддоштҳои тавоҳуми ҳамкорї байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” бо ширкати шарикии маҳсулияташ маҳдуди «HORDE Digital»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Хуавей Технологии Таджикистан.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед