Ба имзо расонии Созишномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “RexGen Co.Ltd ”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

Санаи 29 сентябри соли 2023 дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “RexGen Co.Ltd ”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оид ба “Низоми сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва директори иҷроияи ширкати “RexGen Co.Ltd ” ҷаноби Ёнг Ҷун Оҳ ба имзо расонида шуд.

Амалишавии лоиҳа дар 350 истгоҳи нақлиётӣ чамъияти шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии Созишнома то 10 000 000 (дах миллион) доллари ИМА-ро ташкил медихад, ки аз ҷониби ширкати “RexGen Co.Ltd” пурра сармоягузорӣ карда мешавад.

Ҳамоҳангсозии минбаъдаи лоиҳа ба зиммаи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” гузошта шудааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top