Вохӯрӣ бо директори иҷроияи ширкати “Rexgen Co Ltd”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ

Санаи 30 сентябри соли 2023 дар дафтари кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart sity)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 мулоқоти директори корхона Саъдӣ Самадзод бо директори иҷроияи ширкати “Rexgen Co Ltd”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубї ҷаноби Ёнг Ҷун Оҳ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманди минбаъда ҷиҳати амалишавии саривақтии Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “Rexgen Co Ltd”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оид ба “Низоми сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрути ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда”, ки аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва директори иҷроияи ширкати “Rexgen Co Ltd” ҷаноби Ёнг Ҷун Оҳ ба имзо расонида шуд, ибрози сухан намуданд.

Баъди мулоқот меҳмон аз Маркази тадбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” ва сохтмони идораи маъмурии корхона дидан намуданд.

Дар натиҷа ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ ба масъалаи баррасишаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати татбиқи он чораҳо андешанд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top