Санаи 2 октябри соли 2020 дар дафтари кории Фонди Авруосиёгии устувор ва рушд вохурии намояндаи ваколатдори Фонди Авруосиёгии устувор ва рушд Назриев Масрур Ҷурабекович ва директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Самадзод Саъдӣ Хайрулло баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оиди лоиҳаҳои “ҳушманд” “Тибби осон” дар соҳаи тандурустӣ, “eDonish” дар соҳаи маориф, IT-Park-парки инноватсионию коммуникатсионӣ ва лоиҳаи коркарди партовҳо дар соҳаи иҷтимоӣ ба мақсади сармоягузорӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷом ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед