ш.Душанбе. 23.09.2020. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид.
Дар кори иҷлосия Раиси комиссияи шаҳрии интихобот, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд.
Дар ибтидо иҷлосия гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо шунида, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42-и шаҳри Душанбе Кабиров Далер Бахтиёрович ва Қувватова Рафоат Ашуровнаро тасдиқ кард.
Сипас вакилони халқ масъалаи омодагии шаҳрро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 мавариди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Пас аз муҳокима ва таҳлили ҳамаҷониба ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбари дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021″- ро таъмин намуда, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамзамон масъулини соҳаҳои марбута ҷиҳати анҷом додани корҳои бетону васлгарӣ то мавсими сардиҳо, таъмини корҳои мумфаршкунӣ дар иншооти соҳаи роҳсозӣ, тоза кардани ҳавзҳои обкашонӣ ва чоҳҳои коррезӣ, таъмири насосҳои обкашӣ, ба таври кофӣ захира кардани маҳлулҳои безараргардонӣ, тоза кардани каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳои шаҳрӣ вазифадор гардиданд.
Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналиву хусусӣ ҷиҳати бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои гирду атрофи шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ва ғайра муваззаф гардиданд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки бобати таъмини фаъолияти самараноки сардхонаҳои шаҳрӣ, ҷойгир кардани маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва консерваҳо, таъмини бозорҳои хусусӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр чораҷӯӣ намоянд.
Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ, ивази пояҳои чӯбин, гузаштан ба низоми билингии пардохт, коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ ва гармӣ, инчунин бобати дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо барои фаъолият дар ҳама гуна шароит ба миқдори зарурӣ захира намудани маводҳои зидди лағжишӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи масъулини бахшҳои дахлдори шаҳрдориро ба вусъати корҳои ободонӣ, аз ҷумла тоза намудани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо ҷалб намуда, барои сари вақт баровардани партову хазонҳо, таъмини нақшаи шинонидани дарахту гулҳои зимистона, иваз намудани дарахтони хушкшуда, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани фаввораю курсиҳои боғҳо дастурҳои мушахахас доданд.
Вобаста ба корҳо ободоню ниҳолшинонӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе, ҳар як оиларо барои дар мавсими ниҳолшинонӣ, лоақал шинонидани як дарахти ҳамешасбз саҳмгузор бошанд.
Аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба инфрасохтори шаҳр мутобиқ намудани тамоми иншоот ва муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди аз ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридшуда ва амалӣ кардани корҳо барои омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурии саривақтиро татбиқ намоянд.
Иҷлосия натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкироро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди нақлиёти истифодаи умум чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва меъёри ғунҷоиши мусофирон, таваққуфи нақлиётҳо дар ҷойҳои муайяншуда, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти ронандаҳо тадбирҳои судманд андешанд.
Вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда Раиси шаҳри Душанбе ба масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбар супориш доданд, ки бо мақсади татбиқи пурраи лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум”-и шаҳри Душанбе корҳоро ҷоннок намуда, марҳила ба марҳила гузаштани хатсайрҳои боқимондаро бо ин тарзи хизматрасонӣ таъмин намоянд ва ҳамзамон барои баланд бардоштани савия ва малакаи ронандагону муҳандисон ва дигар масъулини корхонаҳои коммуналӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ тадбирҳои лозимиро роҳандозӣ кунанд.
Ҳамзамон, ба комиссия оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо дастур дода шуд, ки масъалаи рушди соҳаи нақлиёти шаҳриро дар маҷлисҳои комиссия баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва мусоидат дар тараққиёти соҳа ба сохторҳои лозима пешниҳоду дархостҳои вакилӣ ирсол намуда, дастовардҳо ва фарҳанги истифодаи нақлиёти мусофиркашӣ ва дигар соҳаҳоро тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ тарғибу ташвиқ намоянд.
Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ба замимаҳои қарорҳои №№7 ва 8 Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020 тағйирот ворид намуданд.
Вакилони халқ, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳим баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар сатҳи лозима ташкил ва гузаронидани он масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ифтихори ватандориро тақозо мекунад.
Дар ин робита, ба раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки дар ташкил ва фаъолияти участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ мусоидат намуда, корҳои ободониву тоза кардани кӯчаю хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо, ташкил ва гузаронидани шанбегиҳои дастаҷамъона, насби шиору овеза ва пурзӯр кардани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро дар арафа ва рӯзи интихобот таъмин намоянд.
Ҳамчунин, Раиси шаҳри Душанбе изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамаи мо барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ изҳор дошта, дар фазои ҳамдилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсиро таъмин мосозем.
Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонд.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ДУШАНБЕ Хабар медиҳад.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед