БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ШАҲРИ ҲУШМАНД»

« »

26-уми июли соли ҷорӣ, дар доираи талаботи 4.3-и Оинномаи ҲХДТ боби 5 Низомномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бораи интихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15-майи соли 2024, №2 барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 21 майи соли 2024, №35 ва барқияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2024, №3 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии «Шаҳри ҳушманд” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, Раиси ташкилот Саъдӣ Самадзод ва аъзоёни ташкилот, баргузор гардид.

Тибқи рузномаи маҷлис, оид ба баррасии масъалаи якум ҳисоботи ташкилоти ибтидоии «Шаҳри ҳушманд» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъд аз ҷониби муовини раиси ташкилот – Бобоев Фарҳод ироа гардид.

Дар робита ба баррасии масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис, раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Шаҳри ҳушманд» бо розигӣ ва овоздиҳии якдилонаи аъзоёни ташкилот аз нав интихоб гардиданд.

Дар ин радиф, вобаста ба баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, номзадии раиси ташкилот – Самадзод Саъдӣ Хайрулло ҳамчун вакил барои иштирок дар Конференсии XXXV ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сомонӣ пешниҳод гардида, доир ба он қарори дахлдор қабул гардид.

Дар идома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим суханронӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди амалисозии ормонҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон муҳим ва таъсирбахш мебошад ва бо иштироки фаъоли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барномаҳо ва ҳадафҳои пешгирифтаи он пурмаҳсул татбиқ меёбанд. Зеро пайравии мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар амали мо дар татбиқи ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои созанда ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инъикос меёбад.

Дар анҷоми маҷлис ба кормандоне, ки аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон фаъолони ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top