СОАТИ СИЁСӢ ДАР ДОИРАИ ИҚДОМИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри њушманд” – и КВД “Шаҳри ҳушманд” вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Исломзода Нодира, роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Пешвои маҳбуби миллат хотирнишон карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат мебошад. Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст.

Дар фарҷом якчанд аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ барои фаъолияти самаранок дар татбиқи ҳадафҳои барномавию оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top