Ҷаласаи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи “Пардохти ягонаи комуналӣ” дар КВД «Шаҳри ҳушманд»

10 марти соли 2026 дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед баргузор гардид. Ҳадафи вохӯрӣ муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи “Пардохти ягонаи комуналӣ” буд, ки ба рушди минбаъдаи рақамикунонии соҳа ва такмили равандҳои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ равона шудааст.

Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкорӣ бо низоми “Пардохти ягонаи комуналӣ” ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути рақамисозӣ ва соддагардонии равандҳои пардохтро таъкид карданд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, густариши иқдомҳои муштарак ва татбиқи босамари нақшаҳои оянда изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top