Вохӯрӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар КВД “Шаҳри ҳушманд”

11 марти соли 2026 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори корхона Саъдӣ Самадзод бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжицзюнь баргузор гардид.

Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона боздид намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои кори КВД “Шаҳри ҳушманд” шинос шуданд.

Ба меҳмонон инчунин рунамои фаъолияти корхона намоиш дода шуда, лоиҳаҳои “Ҳушманд” муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам овардани инфрасохтори мусоид ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои “ҳушманд” дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, бехатарии шаҳрвандон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои густариши муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top