Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Ҷамъияти саҳомии Маркази рушди Алма-Ато ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Вазифаи Марказ мусоидат ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Алма-Ато тавассути пешниҳоди ҳукумати шаҳр ва сокинони он бо доираи васеи хидматҳои касбӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии шаҳр, беҳтар кардани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва ворид шудани Алма-Ато ба қатори шаҳрҳои ҷолибтарин барои ҳаёт дар ҷаҳон равона шудаанд.
Аз ҷониби намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» инчунин лоиҳаҳои корхона пешниҳод карда шуданд, ки дар шаҳри Душанбе бомуваффақият амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо нияти мубодилаи минбаъдаи таҷриба ва ҳамкорӣ дар татбиқи «Лоиҳаҳои ҳушманд» – ро иброз доштанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед