Тамошои дастаҷамъонаи Пайми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиесати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муроҷиат намуданд.

Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро барои давраи оянда муайян намуда, вазифадор гардидааст, ки рушди соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, энергетика, нақлиёт, амният ва мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайеҳиро таъмин намояд.

Ба рушди технологияҳои рақамӣ, ки асоси рақобатпазирии иқтисодӣ ҳисобида мешавад, диққати махсус дода шуд.

Пас аз тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар директори корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Саъдӣ Самадзод самтҳои ба фаъолияти корхона мансубдоштаро вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида, кормадонро баҳри иҷрои онҳо вазифадор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top