Ба имзорасонии Меморадуми ҳамкорӣ

Санаи 1 июли соли ҷорӣ маросими ба имзо расонидани Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни ҶДММ «Дирексияи Парки инноватсионии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии (IT-Park)-и Узбекистон» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Баъд аз ба имзо расонидани Меморандум ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо ибрози андеша карданд. Фарҳод Ибрагимов, директори Парки инноватсионии ш.Тошканд таклифҳои худро барои ташкили Парки инноватсионӣ дар ш.Душанбе пешниҳод карданд. Қабл аз таъсис додани Парки инооватсионӣ бояд ба масъалаҳои зерин аҳамият дода шавад: таҳлил ва омўзиши қонунгузорӣ ҷизати пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, рушди инфрасохтор барои интихоб ва сохтмони бино ва иншооти IT-Park, кор бо резидентҳо, ҷалби IT-соҳибкорон, ташкили курсҳои омузишӣ кор бо компютер ва минбаъда курсҳои барномасозӣ бо инобати курсҳои забони англисӣ, омўзиши барномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, таклиф ва кушодани филилалу намояндагиҳо ва аз ҳама муҳим инкишоф додани корҳои тарғиботӣ-иттилоотӣ.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top