Иштироки мутахассисони ГТЛ “Рушди устувори шаҳри Душанбе” назди КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар семинари Бонки Умумиҷаҳонӣ дар мавзуи “Сиёсат ва дастурамали Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба идоракунии молиявӣ, қоидаҳои харид, идоракунии молиявӣ дар марҳилаҳои таҳия, иҷро ва анҷомёбии лоиҳаҳо”.
Дар давраи иштирок дар семинари Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштирокчиён донишҳои худро такмил дода ва таҷрибаи хуб дар самти ҷанбаҳои муҳими идоракунии лоиҳаҳо, аз ҷумла ҳисоботдиҳии молиявӣ, расмиёти харид, мубориза бо коррупсия ва истифодаи технологияҳои муосирро ба даст оварданд.
Семинар барои мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани малакаи намояндагони ГТЛ “Рушди устувори шаҳри Душанбе” дар самти харид ва идоракунии молиявии лоиҳа майдони муфиде гардид. Дониши бадастомада ба татбиқи самараноки лоиҳа оид ба рушди устувори шаҳр мусоидат хоҳад кард.
Мутахассисон омӯзишро бо муваффақият анҷом дода ва бо сертификатҳо сарфароз гардидаанд.




www.tajnature.tj Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte