5 июни соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласа бахшида ба таъсиси Шӯрои занон ва намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Душанбе, роҳбарият ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки таъсиси чунин сохторҳо барои баланд бардоштани нақши занон ва ҷавонон дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми ҷаласа таъсиси Шӯрои занон дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, интихоби роҳбари намояндагии Шӯрои занон дар назди Раёсати мазкур, таъсиси намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри Ҳушманд (Smart сity)” ва интихоби роҳбари намояндагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамин корхона расман амалӣ гардид.














Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte