ҶАШН МУБОРАК МОДАРОНУ БОНУВОНИ АЗИЗ!

Бо ифтихор ва эҳтироми бузург ба модари тоҷик, ки дар тӯли таърихи миллат ҳазорон фарзандони оламшумулро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш намудааст ва дар замири онҳо хислатҳои олиҳаи инсонӣ башардӯстӣ, ватанпарварӣ, ҳунармандӣ ва созандагиро ҷой додааст, аҳли кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаи модарон, хоҳарон ва кулли бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи модарон самимона табрик мегӯем.

Бигузор шодиву хушбахтӣ дар ҳар як хонадони модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад. Мо барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагӣ, саломатӣ, оромӣ ва саодати беандоза орзу менамоем.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед. Хушбахтӣ ва пирузӣ насибатон!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top