XXIX иҷлосияи Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ИДМ (МАГ)

Аз 25 то 26 майи соли 2003 дар Хабаровск иҷлосияи XXIX Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги кишварҳои ИДМ (АБП) баргузор гардид, ки дар он Баҳром Мансуров, директори техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок варзид.

Чунин чорабиниҳо натиҷаҳои мусбати кори якҷояи моро нишон медиҳад, — гуфт Раиси шаҳри Хабаровск, Президенти (АБП) Сергей Кравчук. — Рузнома хеле муҳим буда, ба он тамоми сохторҳои шаҳри мароқи калон доранд. Гарчанде кор, заҳматталаб бошад ҳам, вале он барои беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон нигаронида шудааст.

Дар рӯзномаи ассамблея ҳисобот оид ба фаъолияти ҳайати мушовараи ассамблея дар солҳои 2022-2023, интихоби мақомоти роҳбарикунанда, муайян намудани афзалиятҳои фаъолияти АБП барои оянда, инчунин форуми «Рақамсозии фазои шаҳр» гузаронида шуд.

“Шаҳри ҳушманд” мавзӯи хеле муҳимест, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор мегирад, – шарҳ дод Владимир Селиванов, Директори генералии Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо. — Анҷумани мо бештар аз 10 сол боз ин самтро инкишоф медиҳад. Тобистон ҳайати вакилони комиҷроияи ИДМ ба шаҳри Аркадаг, ки 30 километр дуртар аз пойтахти Туркманистон сохта мешавад, сафари расмӣ карданист.

Он бо истифодаи технологияҳои замонавӣ сохта шуда истодааст, ки бояд ҳаёти одамонро бароҳаттар ва бехатар гардонад. Баъди шиносоӣ, комитети иҷроияи АБП ба нақша гирифтааст, ки ҳайатҳои вакилони шаҳрҳои аъзои АБП-ро даъват намуда аз навъовариҳои шаҳри Аркадаг ошно созанд. Қайд кардан муҳим аст, ки Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги ИДМ 53 шаҳри Русия ва 33 шаҳри кишварҳои ИДМ муттаҳид мекунад. Дар анҷуман аз дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи “лоиҳаҳои ҳушманд” бо истифода аз фанновариҳои навтарин дар соҳаҳои маориф ва нақлиёт гуфта шуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top