Ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city) ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе

13 июни соли 2023 вохурии директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ғаниев Рустам Ғафурович баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ табодули назар намуданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва таълими амалӣ нигаронидашудаи донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар ҳамин рӯз бо ташаббуси донишгоҳ ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ баргузор гардид, ки намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) иштирок намуданд.

Директори корхона Саъдӣ Самадзод дар бораи фаъолият ва лоиҳаҳои рӯи кор омадаи корхона бо маърӯза баромад намуданд. Зимни суханрониашон зикр намуданд, ки корхонае, ки ӯ сарварӣ мекунад бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои рақамӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, фароҳам овардани фазои бехатару бароҳат барои тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт таъсис дода шудааст ва аҳамияти ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои инноватсионӣ махсус қайд намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top