Санаи 14 июни соли ҷорӣ вохурии директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” Саъди Самадзод бо сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Соли баргузор гардид. Дар рафти вохурӣ масъалаҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ дар рафти сохтмонӣ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва сохтмоҳои маъмурӣ баррасӣ гардид. Инчунин ҷонибҳо лоиҳаи “Харитаи электронии шаҳри Душанбе”-ро, ки Корхона дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ тарҳрезӣ намуда истодааст мавриди муҳокима қарор доданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед