Мулоқоти директори корхона бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 апрели соли 2022 дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Корхона Саъди Самадзод бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаноби Аики Тосихиро баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ тарафайн лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» аз қабили «еДониш» дар соҳаи маориф, «еТиб» дар соҳаи тандурустӣ, «Ҳукумати электронӣ» ва лоиҳаи «IT Парк», ки сохтмони он дар шаҳри Душанбе дар назар аст муҳокимарони намуданд. Зимнан зикр гардид, ки мақсади асосии лоиҳаҳо баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон дар соҳаи IT-технологияҳо ва мухофизати тартиботи чамъиятӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули афкор доир ба лоиҳаҳои дар боло зикршуда низ баррасӣ шуд. Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top