Вохурии директори корхона бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 апрели соли 2022 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори корхона Саъдӣ Самадзода бо намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардид. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сабз дода шуд (Green projects). Зимнан зикр гардид, ки шаҳри ҳушманд ҳадафҳои гуногун дорад, вале муҳимтаринаш истифодаи технологияҳо барои рушди шаҳр барои бештар ҳосилнок, муассир, камтар олудакунанда ва сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими муносибатҳо низ баррасӣ шуданд.

Мулоқот дар фазои гарми дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top