Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Остона бо фаъолияти технопарки байналмилалии Astana HUB шинос шуданд.

26 августи соли 2025 сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, бо фаъолияти технопарки байналмилалии Астана Хаб (Astana Hub) шинос шуданд.

Астана Хаб яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Технопарки мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистон ва кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.

Дар доираи сафари корӣ, намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла роҳбари КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар чорабинии муаррифии Астана Хаб (Astana Hub) иштирок намуданд.

Зимни ин сафар, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» як қатор дастуру супоришҳо дода, зарурати таҳкими ҳамкории зич бо Asatan HUB – ро таъкид намуданд. Ҳадаф аз ин ҳамкорӣ — татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои муосир дар доираи барномаҳои рушди инфрасохтори рақамии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар робита ба ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омӯзиши фаъолияти босамар ва таҷрибаи технопарки Astana HUB – ро дар ин самт муфид арзёбӣ намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top