Санаи 25 ноябри соли 2024 дар дафтари кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”– и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии роҳбарияти корхона бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф баргузор гардид.
Сараввал ба меҳмонон рунамои фаъолияти корхона намоиш дода шуд ва муаррифии лоиҳаҳои «ҳушманд» баргузор гардид.
Инчунин масъалаҳои ҷалби ширкатҳои олмоние, ки омодаанд ба иқтисодиети шаҳри Душанбе сармоягузорӣ намоянд, лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби грантҳо ва ҳамкорӣ бо фондҳои олмон, курсҳои такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба дар табдили рақамӣ, коркарди партовҳои сахти маишӣ, равшании ҳушманд ва татбиқи пешниҳодҳо ва рушди лоиҳаҳои “сабз” баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ менамоянд.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte