Барномаи омузишии Агентии турки оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА)

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳансозӣ бо Агентии турки оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 28 марти соли 2022 марҳилаи якуми Барномаи якҳафтаинаи омузишӣ дар мавзуи «Низоми шаҳри ҳушманд ва банақшагирии стратегӣ дар худидоракунии маҳаллӣ» бо ҷалби мутахассисон аз Ҷумҳурии Туркия ба кори худ оғоз намуд.

Дар доираи барномаи омӯзишӣ таълими назариявии амиқи низоми шаҳрҳои ҳушманд барои намояндагони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар анҷоми барномаи омузишӣ, баъди гузаронидани санҷиш ба иштироккунандагон шаҳодатномаҳои таълимӣ супорида мешаванд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top