Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 ноябри соли 2022 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Бобоев Ф.Р. – муовини директор сухани табрикотиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, нақши муҳими Сарвари давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккулёбии сиёсати давлат қайд намуданд.

Баъдан, мушовири директори корхона Зарипов О.Ш ҳозиринро бо хизматҳои бузурги Пешвои миллат дар 30 соли даврони Истиқлол ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо миллати хушбахтем, ки ба бахти мо тоҷикон таърих роҳбареро ҳамчун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, меҳрпарастӣ ва арзишҳои миллии ин сарзамин сарф намуда, барои наслҳои ояндаи миллату кишвари тоҷикон дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳадти миллӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Илова бар ин, саҳм гирифтан дар ҳалли проблемаҳои глобалии сайёра ва пешниҳодҳои ба нафъи башарият нигаронида шудаи Роҳбари Ҳукумати Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як фарди кишвари азизамон мебошад.

Сипас, Норов У.С. сардори шубаи ҳуқуқ ва кадрҳо баромад намуда қайд намуданд, ки дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ далолат ба хидматҳои бузургу арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат дар як мудддати кӯтоҳ тавонист Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, барои халқи тоҷик шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созад.

Чорабиниро муовини директор Бобоев Ф.Р. ҷамъбаст намуд ва иброз доштанд, ки бо шарофати заҳмату шабзиндадориҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии тамоми мардуми худогоҳу худшиноси Тоҷикистон мо имрӯз ба як ҳаёти осоишта ва зидагии серу пур расидем. Бинобар ин моро мебояд, ки ба қадри заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар бирасем, сиёсати созанда ва бункоронаашро аз дилу ҷон дастгирӣ намоем ва ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top