Табрикот ба рӯзи касбии кормандони радио ва соҳаҳои алоқа.

Ҳар сол санаи 7 май дар кишвари мо Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод мегӯям.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳа аз муваффақиятҳои ба даст омада қонеъ нагардида, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ дар оянда низ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон буда, сарбаландона баромада, дар ободию гул-гулшукуфии кишвари азизамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

Бори дигар кормандони соҳаро ба фарорасии Рӯзи радио ва кормандони соҳањои алоқа табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатию ободии рӯзгор, осмони софу муваффақиятҳои беназир дар ҷодаи кору фаъолият таманно мекунем.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top