Вохурӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 30 апрели соли 2021 вохурии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор гардид.

Зимни баргузории вохурӣ муаррифии лоиҳаҳои ҳушманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, таваққуфгоҳҳо, коркарди партовҳои сахти маишӣ, рушноӣ ва дигар самтҳои фаъолияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” аз ҷониби директори корхона Саъдӣ Самадзод гузаронида шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нав муҳтарам Шералӣ Кабир самтҳои фаъолияти корхонаи “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-ро баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ қобили қабул ва дастгирӣ арзёбӣ намуда, баҳри таъсиси Парки инноватсиониву технологӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат, ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷиву ватанӣ ва омодагии вазоратро барои ҳамкорӣ иброз намуданд.

Ҷонибҳо барои таъсиси Парки технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри истифодаи таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар ин самт ибрози назар намуданд.

Тарафҳо барои идомаи мақсадҳои дар пешгузошта ҳамкории гуруҳҳои кории тарафайнро мувофиқи мақсад мешуморанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top