Санаи 15–уми апрели соли 2021 дар дафтари кории Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) вохурии ҳамоҳангсози барнома Иброҳим Эрбир ва муовини директори корхонаии воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иљроиияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фарҳод Бобоев дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид.
Зимни вохурӣ муовини КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)” Фарҳод Бобоев фаъолияти корхонаро муаррифӣ намуда, оиди лоиҳаҳои ҳушманд “е-Donish”-дар соҳаи маориф, “Тибби оссон”-дар соҳаи тандурустӣ, таваққуфгоҳҳо, коркарди партовҳо, “рушноии ҳушманд” ва ташкили IT-Park маълумот манзур намуданд.
Иброҳим Эрбир-ҳамоҳангсози барномаи “ТИКА” дар Тоҷикистон оиди баргузории мулоқот изҳори сипос намуда, бобати ҳамкорӣ бо КВД “Шаҳри ҳушманд” дар ташкили IT-Park омодагӣ изҳор намуданд.
Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои таваҷҷуҳи тарафайн барои таҳкими робитаҳои минбаъда изҳори назар карданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед