6 сентябри соли 2025, дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соати сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ роҳбарияти корхона, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Гадоев Абдурасул, ва кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии роҳбари корхона Саъдӣ Самадзод оғоз гардида, бо эҳтиром ва арҷгузорӣ аз нақши таърихии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори кишвар ва ташаккули сиёсати миллӣ ёдовар шуд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар идомаи чорабинӣ, аз рӯйдоди сарнавиштсози 9 сентябри соли 1991 рӯзи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ кард. Маҳз ҳамин рӯз оғози даврони нав барои миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи озодӣ ва истиқлол дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирифтааст.
Дар рафти чорабинӣ, ба як қатор кормандони корхона, ки ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, бо мақсади қадрдонии саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оиномавӣ ва барномавии ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, инчунин барои баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, якчанд кормандони фаъол бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.






























Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte