5 сентябри соли 2025, дар бинои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади иҷрои амри дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинӣшуда» баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар фаъолияти Нозироти давлатии автомобилро баррасӣ карданд.
Мавзӯъҳои асосии муҳокима иборат буданд аз:
– арзёбии арзиши (хароҷоти) воқеии амалишавии лоиҳа;
– тасдиқи номгӯи таҷҳизот ва молу маҳсулоти воридшаванда;
– муқоисаи арзиши таҷҳизот ва молу маҳсулоти воридшаванда бо дарназардошти се истеҳсолкунандаи монанд;
– арзёбии корҳои лоиҳакашӣ ва таҷҳизоти насбшуда дар раванди баистифодадиҳӣ;
– қабул ва тасдиқи санадҳои дахлдор оид ба арзиши воқеии амалишавии лоиҳа.
Ҳадафи лоиҳа пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ, тамбашавӣ ва таваққуфи бенизоми воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои нақлиёти маршрутӣ мебошад.
Дар ҷаласа нақшаи корӣ ва қадамҳои минбаъдаи насби камераҳои назоратӣ дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷиҳати пешгирии таваққуфи бенизом мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte