4 сентябри соли 2025 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар кори Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, ки бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, иштирок намуданд.
Чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалиро бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозии талошҳо ва таҳияи равишҳои муштарак ба рушди устувори пойтахти Тоҷикистон ҷамъ овард.
Дар ҷаласаи шӯрои Ҳамоҳангсозӣ роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» самтҳои асосии фаъолият ва лоиҳаҳои афзалиятноки худро, ки ба табдили рақамии инфрасохтори шаҳр, баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон, беҳтар кардани экосистема ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ба ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳр равона шудаанд, пешниҳод карданд.
Иштирокчиени Шӯро ба лоиҳаҳои пешниҳодшуда таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, аҳамияти муносибати инноватсиониро ба рушди муҳити шаҳрӣ қайд намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва дастгирии минбаъдаи аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Ҷаласа бо тавофуқи ҷонибҳо оид ба таҳияи нақшаи мушаххаси амал барои татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда ва тақвияти ҳамкориҳои стратегӣ ба анҷом расид.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte