Дар шаҳри Душанбе нахустин маросими “Telecom Awards Tajikistan -2025” баргузор шуд

7 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе нахустин маросими Ҷоизаи миллии соҳаи алоқа “Telecom Awards Tajikistan 2025” баргузор гардид ин аввалин ҷоизаи миллӣ дар соҳаи алоқа ба шумор меравад. Ғолибон аз рӯйи 16 номинатсия муайян карда шуда, қадрдонӣ гардиаднд.

Дар маросим на танҳо операторони мобилӣ ва интернет провайдерҳо, балки шарикони калидӣ низ қадрдонӣ шуданд, ки саҳми муҳим дар рушди экосистемаи рақамии кишвар мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзи хотирмон, рӯзи таъсисёбии Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамзамон Рӯзи радио ва соҳаҳои алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон КВД “Шаҳри ҳушманд” бо ҷоизаи бонуфуз қадрдонӣ гардид. Ин ҷоиза барои татбиқи муваффақонаи технологияҳои шаҳри ҳушманд ва ташкили муҳити инноватсионии шаҳрӣ тақдим шуд.

Ҳамзамон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд Медиа гурӯҳи “Азия Плюс” барои саҳми иттилоотӣ ва инъикоси ислоҳоти рақамӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ барои ташкили экосистемаи рақамии кишвар ва роҳбарии стратегӣ, инчунин Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои таъмини рақобати солим ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон.

Маросими “Telecom Awards Tajikistan – 2025” ба як рӯйдоди муҳим табдил ёфт, ки дар он дастовардҳои ширкатҳо ва муассисаҳои пешсаф дар соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ эътироф шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top