Форуми байналмилалӣ оид ба рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Санаи 25 апрели соли 2024 КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Форуми байналмилалӣ оид ба рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок намуд.

Дар доираи Форум масълаҳои марбут ба рушди фаъолияти ихтироъкорӣ, сармояи инсонӣ, ҳавасмандгаронии ихтироъкорон, ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти ихтироъкорию инноватсионӣ, дарёфти механизми татбиқи натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар амал ва ба роҳ мондани ҳамкории ихтироъкорон бо корхонаҳои истеҳсолӣ муҳокима ва баррасӣ мешаванд.

Ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ роҳбарон, коршиносони ташкилотҳои байналмилалии соҳавӣ ва идораҳои патентии кишварҳои хориҷа, бахусус Созмони умумичаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патении Авруосиё, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо, инчунин вазорату идораҳои кишвар, муассисаю ташкилотҳо, доираи васеи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолию хизматрасон даъват карда мешаванд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top