Санаи 14–уми апрели соли 2021 дар идораи корхонаи КВД “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мулоқот бо намояндагони миссияи USAID дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Вохуриро директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъди Самадзод оғоз намуда қайд намуд, ки Корхона айни замон ҳамкориро бо шарикони рушд ва ширкатҳои ватанӣ ба роҳ монда, як қатор лоиҳаҳоро мавриди татбиқ қарор додааст: аз ҷумла насби технологияи Wi-Fi дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва наќлиёти ҷамъиятӣ, таваққуфгоҳҳои муосирӣ пулакӣ, ҷорӣ намудани барномаи “е-Donish” дар соњаи маориф, барномаи тибби осон дар соҳаи тандурустӣ, лоиҳаҳои экологӣ (коркарди партовҳо ва рушноии ҳушманд) ва ташкили IT-Park.
Директори миссияи USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс бобати лоиҳаҳои “ҳушманд” ибрози назар намуда, омодагии худро барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд. USAID ба рушди иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, беҳбуди саломатӣ, ғизо ва суботро ба манфиати Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дар минтақа мусоидат мекунад.
Вохурӣ дар фазои созанда ва дустона баргузор гардид.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед