Вохурӣ бо шуъбаи саломатии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санаи 15 апрели соли 2021 бо ташаббуси КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрӣ оиди барномаи электронии “Тибби осон” бо мутахассисони шуъбаи саломатии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин дар бораи мақсад ва вазифаҳои барномаи электронии “Тибби осон”, системаи иттилоотикунонии хизматрасонӣ дар дармонгоҳҳои шаҳри Душанбе ва лоиҳаи партовҳои зараровари тиббӣ иттилоъ дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкории дуҷониба баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top