Вохӯрӣ бо намояндагони доираи тиҷоратии шаҳри Санкт-Петербург.

Санаи 14 апрели соли 2021 дар меҳмонхонаи HYATT REGENCY вохурии кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷӣ “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

Зимни вохурӣ директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Самадзод Саъдӣ Хайрулло ва роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисоди хориҷӣ “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ”-и шаҳри Санкт-Петербург Руслан Марк самтҳои фаъолияти кориашонро муаррифӣ намуданд.

Вохурӣ, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо лоиҳаҳои афзалятноки рушди ҳамкориҳои минбаъда : аз он ҷумла лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд”, “Маҳаллаи ҳушманд”, “Коркарди партовҳо”, “Муҳите, ки Шумо дар он зиндагӣ кардан мехоҳед”, экосистемаи шаҳри интелектуалӣ-онлайн маркетплейс Lafrasia ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Дар охири вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top