Вохӯрии роҳбарияти «Шаҳри ҳушманд» бо Ассотсиатсияи чинӣ (CODA)

14 октябри соли 2025, дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии расмии роҳбарияти корхона бо намояндагони Ассотсиатсияи чинӣ оид ба рушди корхонаҳо дар хориҷ (CODA) баргузор гардид.

Дар оғоз, меҳмонон бо фаъолияти корхона шинос шуда, лоиҳаҳои инноватсионии “Шаҳри ҳушманд” муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, таъсиси инфрасохтори муосир дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, амнияти шаҳрвандон ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ, ҷонибҳо ба мувофиқаи ҳамкорӣ дар оянда расида, омодагии худро барои табодули таҷриба, омӯзиши технологияҳои пешқадам ва тавасеаи муносибатҳои шарикӣ изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top