Санаи 14 октябри соли 2025 дар бинои кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо намояндагони шаҳрдории шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Сараввал ба меҳмонон рӯнамоии фаъолияти корхона пешниҳод гардида, муаррифии лоиҳаҳои «Ҳушманд» баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам овардани инфрасохтори мусоид дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъмини амнияти шаҳрвандон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифат, масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ҳамкориро идома медиҳанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти технологияҳои ҳушманд изҳор намуданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte