Маросими расмии ифтитоҳи лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон”

Маросими расмии ифтитоҳи лоиҳаи “Асосҳои рақамии Тоҷикистон” рӯзи 16 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Лоиҳа таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо гранти 30 миллион доллари ИМА аз ҷониби Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва гранти 9 миллион доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дастгирӣ мешавад.

Ифтитоҳи лоиҳа бар он таъкид дошт, ки он дастрасӣ ба хадамоти босифати давлатӣ, фароҳам овардани малакаҳои зарурии рақамӣ барои шаҳрвандон, дастгирии соҳибкорон тавассути платформаҳои рақамии бехатар ва самаранок, ва таҳкими қобилияти ҳукумати кишварро тавассути қабули қарорҳои ба маълумот асосёфтаро беҳтар хоҳад кард.

КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар татбиқи лоиҳа иштирок намуда, бо Маркази идоракунии лоиҳаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории ва дигар шарикони байналмилалӣ, таъмини татбиқи пешниҳодҳои рақамӣ дар сатҳи сохтори шаҳрӣ ҳамкории зич дорад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top