Мулоқоти роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо ширкати “Kazdream Group”

24 апрели соли 2026 роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо роҳбарияти ширкати Ҷумҳурии Қазоқистон “Kazdream Group” баргузор гардид.

Ширкати “Kazdream Group” яке аз пешсафон дар рушди технологияҳои рақамӣ буда, ба давлатҳо, операторони телеком ва бахши хусусӣ дар таъмини амният, устуворӣ ва эътимоди муҳитҳои рақамӣ мусоидат мекунад.

Дар оғози вохӯрӣ меҳмонон бо самтҳои фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” шинос шуданд. Ҳамзамон рӯнамоии корхона, аз ҷумла ташаббусҳои нав дар соҳаи рақамисозии шаҳр, муаррифӣ гардид.

Мулоқоти ҷонибҳо дар фазои ҳамкоронаи созанда баргузор шуда, барои густариши ҳамкориҳо ва рушди рақамии шаҳри Душанбе изҳори омодагӣ баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top