Санаи 11 августи соли 2021 дар бинои намояндагии Бонки Рушди Авруосиё дар Тоҷикистон вохурии Директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони созмони байналмилалии молиявӣ Садихов Паша Мамедович, директори ташаббуси рақамии БРА дар Тоҷикистон Шахматов В. В., роҳбари гуруҳи татбиқи лоиҳаи БРА дар Тоҷикистон Казаков А. В., баргузор гардид.
Инчунин КВД «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки Рушди Авруосиё дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои «Тибби ҳушманд», «Ҳукумати электронӣ» ва «Партовҳои сахти маишӣ» ҳамкориро ба роҳ монанд.
Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед