Санаи 18 августи соли 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати сиёсӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра баргузор гардид.
Соати сиёсиро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” Самадзод Саъдӣ ва муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода ифтитоҳ намуданд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки ҲХДТ 10 декабри соли 1994 таъсис ёфтааст. Раиси ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. ҲХДТ таҷрибаи 27-солаи фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ соҳиб мебошад. Барномаҳои ҳизби мазкур ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи соҳаҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи омори расмӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 200 ташкилот, муассисаву корхонаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 17 700 нафар аъзоён ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил гардидаанд.
Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки равандҳои сиёсати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳанд, ки барои таъмини рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсии давлат боло бурдани фарҳанги сиёсии ҷомеа ва бо ин роҳ бештар намудани самаранокии низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳими барномаи пешгирифтаи ҲХДТ мебошад, ки ба он диққати махсус дода мешавад.
Дар фарҷоми маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумахон Ҷурахонзода барои саҳми арзанда фаъолона пешбарӣ намудани ғояҳои ҲХДТ ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” Самадзод Саъдӣ бо сипосномаи КИ ҲХДТ қадрдонӣ намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед