Санаи 29 сентябри соли 2020 дар КВД “Шаҳри ҳушманд” -и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати сиёсӣ дар мавзӯи “Дастгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Соати сиёсиро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” Самадзод Саъди Хайрулло ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрафт ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Президенти мо ташаббускори иқдомҳои башардӯстона буда аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои байналмиллалӣ ва мамлакатҳои пешрафта дастгирии ҳамаҷониба ёфт.
Марҳилаи муҳими сиёсӣ фаро расидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар доираи идрок ва фаҳмиши худ ояндаи худро интихоб намояд. Интихоботи навбатӣ аз ҳар як узви ҳизб масъулиятнокиву дониши баланди сиёсиро тақозо мекунад. Бояд, ки зимни ташвиқу тарғиботи ахборотчиён аз татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки тавъаманд бо стратегияҳои давлат мувофиқаанд, сухан ронанд. Ба сифати аъзои узви пешрав ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ бояд мавқеи мустаҳкам дошта бошанд.
Дар анчоми ҷамъомад Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” Самадзод Саъди ба чанд нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи аъзои ҳизбро тақдим намуда ба онҳо зиракии сиёсӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватан таманно намуд. Айни ҳол 12 нафар кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд” аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, ки 2 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, иштирок намуда, ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед