Cеминар-машварати омӯзишии барномаи электронии “eDonish” оид ба ҷамъбасти татбиқи давраи пилотӣ дар 20 муассисаи бе журнали анъанавӣ

3 июни соли 2025 дар толори “IT Park Dushanbe” семинар-машварати омӯзишии барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид. Чорабиниро КВД “Шаҳри ҳушманд” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” баргузор намуд.

Дар семинар сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б. Исмоилзода, директори КВД “Шаҳри ҳушманд” С. Самадзод, мутахассисони соҳаи маориф, намояндагони барномаи “eDonish”, инчунин директорон, муовинони директор оид ба таълим ва маъмурони 20 муассисаи пилотии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ки дар марҳилаи санҷишӣ, ки ба пуррагӣ аз корбарӣ гирифтани журналҳои қоғазиро дарбар мегирад, иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо суханронии ифтитоҳии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва директори КВД “Шаҳри ҳушманд” оғоз гардида, натиҷаҳои татбиқи пилотии журнали электронӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 татбиқи пурраи журнали электронӣ ба ҷои журналҳои анъанавӣ дар 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт амалӣ гардид. Ин иқдом дар доираи имкониятҳои барномаи электронии “eDonish” роҳандозӣ шуда, ба натиҷаҳои назарраси мусбат расид.

Бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи татбиқи журналҳои электронӣ роҳандозии иқдоми мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шуд.

Дар идомаи семинар-машварат масъалаи марбут ба тарзи дурусти чоп намудани журнали электронӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин замина, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” Д. Комилзода ва муовини директор оид ба таълим дар гимназияи №74 Д. Раҳимова бо презентатсия ва тавсияҳои амалӣ баромад намуданд.

Қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба саволу ҷавоб бахшида шуда, иштирокчиён ба пурсишҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Барномаи иттилоотии соҳаи маориф “eDonish” Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top