Рӯзи модарон муборак!

Аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, рўзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва осмони софу беғуборро дар Тоҷикистон азиз, ки воқеан ҳам сарзамини биҳиштосост орзу намуда, мегўем:

Бодо муборак идатон, эй бонувони меҳрубон,
Эй модарон, эй хоҳарон, эй гулрухони роздон.
Дар асл ҳастии Шумо, сарсабзиҳо бошад ҳаме,
Хушрўз бошед доимо, эй ғунчаҳои гулфишон.
Хурсандӣ хоҳем баҳратон, бахти сафеду зарфишон,
Имрўз аст иди Шумо, садсола гардеду амон.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top