Санаи 7 майи соли 2021 кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушаманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рӯзи таъсисёбии Корхонаро таҷлил менамоянд.
Ин давра барои корхона ҳамчун давраи қабул намудани қарорҳои муҳим барои рушд ва ба даст овардани муваффақияту дастовардҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
Мо боварӣ дорем, ки дар оянда корхонаи «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» барои расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани вазифаҳои муҳимӣ иқтисодии дар пешистода, татбиқи “лоиҳаҳои ҳушманд” ва осон гардонидани хизматрасониҳо барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе саҳми босазо хоҳад гузошт.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи ҳамкорон ва шариконеро, ки бо мо ҳамкорӣ доранд, бо Рӯзи таъсисёбии корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» аз самими қалб табрик намуда, муваффақияту барори кор, сиҳатмандӣ, дастовардҳои бузурги касбӣ ва тамоми хӯшиҳои зиндагиро орзумандем.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед